Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Таҷассуми Наврӯз дар осори Абурайҳони Берунӣ

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Аҳмади Дониш” – и Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба “Бобоҷон Ғафуров” дар назди кумитаи маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба иди Наврӯз дар хобгоҳи №9 бо иштироки аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқот сурат гирифт. Мулоқоти мазкур дар мавзӯи “Таҷассуми Наврӯз дар «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ” ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин ташаббус ба донишҷӯён ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” оид ба суннатҳои ҷашни аҷдодии Наврӯз маълумот дода шуд. Таъриху таҳаввули Наврӯзи бостон аз нуқтаи назари фалсафӣ ба ҷавонон шарҳ дода шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиён шеъру гуфтор дар васфи Наврӯз шунида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *