Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Таҷлили бошукӯҳи рӯзи дониш ва

тамошои дастаҷамъонаи дарси сулҳ

Санаи 1-уми сентябри соли 2022 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки намояндагони МИҲД вилояти Суғд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва кулли устодон, донишҷӯён ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” Рӯзи дониш дар сатҳи баланд таҷлил гардида, тамошои дастаҷамъонаи Дарси сулҳ дар толорҳои барҳавои биноҳои таълимии муассиса ба роҳ монда шуд.

Чорабиниро директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ифтитоҳ намуда, кулли меҳмонон ва устодону донишҷӯёнро бо Рӯзи дониш таҳният гуфт. Ҳамзамон намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Муҳаммадҷонов Муҳаммадҷон ва Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  Бахтиёр Исматҷонов суханронӣ намуда, табрикоти Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷандро ба ҳозирин қироат намуда, оид ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат фикру андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

Инчунин, дар чорабинӣ ВО ШММЗҶМ дар вилояти Суғди РМЗҶМВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Мизробзода Х., ва муовини сардори ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Маҳмудзода С. иштирок доштанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни муассиса бо забонҳои тоҷикӣ ва русиву англисӣ дар васфи Ватан, илму дониш ва зебоипарастӣ шеърҳо қироат гардида, сурудҳои дилнишин садо дод. Баъдан устодону донишҷӯён вориди толор ва синфхонаҳои барҳаво гардида, тариқи телевизион Дарси сулҳро, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли илму фарҳанг, маорифчиён ва кулли мардуми сарбаланди мамлакат пешниҳод мегардад, тамошо намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *