Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЭТ ҲНИ ЧУН ВАБОИ АСРИ 21

 Имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва барои нобудшавии ҷомеаи муосир оварда мерасонад. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию экстремистӣ (ифротгароӣ), ки аз тарафи баъзе кишварҳои абарқудрат таъсис дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бо истифода аз номи дини мубини Ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористию экстремистӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, ки бо ин падидаи номатлуб муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Имрӯзҳо дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳони Ислом, хусусан, давлатҳои арабӣ- Сурия, Ироқ, Яман, инчунин Афғонистон амалҳои террористию экстремистӣ содир шуда истодаанд, ки вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гурӯҳу ҳаракатҳои терророристӣ ва экстремистӣ (ифротӣ) гардидаанд. Хусусан Давлати Исломии Шому Ироқ дар қаламрави Сурия ва Ироқу Яман, ки аз тарафи абарқудратҳо созмон дода шудааст, барои амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдидҳои навро эҷод сохтааст. Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «муъмин бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусулмонон таҳким ёбад ва фирефтаи иғво ва макри душманони дини мубини Ислом нагарданд, зеро хоинони Ислом ва мусулмонон доимо дар каминанд, то нақшаҳои нопоки худро нисбат ба дини Ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист, амалӣ созанд. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд ва аз ин рӯ зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон, ки дар фирефта шудани онҳо ҷиҳати шомилшавӣ ба ин гуруҳҳо бештар ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ даст доранд, ин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дар воқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонанд. Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд.Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом истинод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода бурда, ислому таълимоти онро бо мақсадҳои худ истифода барад.

Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем, то худро гирифтори бозиҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро накунем.

Пас, бояд меъёри аслии шинохти мо аз ҳар гуна хатару таҳдид манфиатҳои асили миллӣ, динӣ ва фарҳангиамон бошад.

Ахмедов Н.И. – аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *