Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ шуд
Санаи 20 июни соли 2022 Конференсияи_ҳисоботӣ_интихоботии Кумитаи_иҷроияи_ибтидоии_Ҳизби_ХалқииДемократии Тоҷикистон_“Истиқлол” дар назди кумитаи маҳаллаи “Масҷиди_Савр”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар кори он муовини_Раиси_Ҳизби_ХалқииДемократии_Тоҷикистон Латифзода_Асрор_Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода_Зуфар_Муртазохон, муовини_раиси_шаҳри_Хуҷанд ФирӯзаНуруллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ_Наим_Мунаввар, раисони ташкилотҳои ибтидоии назди кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, фаъолон ва собиқадорони ҳизб ширкат доштанд.
Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ “Истиқлол” Муҳайё_Акмалхӯҷаева ифтитоҳ намуда, бо рӯзномаи Конференсия иштирокдоронро шинос кард ва оид ба бурду бохти кумиҷроияи ибтидоӣ дар ду соли охир ахборот дод.
Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии “Абдураҳмони Ҷомӣ” Зайниддин_Зунунхӯҷаев ва раиси ташкилоти ибтидоии “Пайравони сулҳ” Гулнора_Абидова оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии хеш гузориш доданд.
Ҳамзамон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор_Латифзода дар баромади хеш таъкид кард, ки кумиҷроияи ибтидоии “Истиқлол” ташаббускор ва намунаи ибрат ба дигар кумиҷроияҳои ибтидоӣ буда, дар ҳама самт пешравиро нишон медиҳад. Муовини раиси ҳизб фаъолияти кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии “Истиқлол”-ро қаноатбахш арзёбӣ намуд ва барои фаъолияти минбаъда, ҷиҳати пешрафт ва ҷоннок намудани кори ҳизбиёни кумиҷроияи ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид дода, барору комёбиҳо таманно кард.
Тибқи рӯзномаи маҷлис аз ҷониби вакилони Конференсия нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 , интихоби раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи_28-уми ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фарҷоми Конференсия якчанд нафар фаъолон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.