Дар майдони регистони бозори марказии «Панҷшанбе» бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” – и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо бахши кор ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд аксия таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед” доир гардид. Ташкилкунандагони ин чорабинӣ зимни тақсимоти варақаҳо сокинонро ҳушдор медорданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз сироятёбии ба ин бемории вабои аср сокинонро мебояд, бештар худро аз издиҳом канора гиранд, ҳамчунин ба рӯй кашидани ниқоби ҳимоятӣ, саривақт дастонро бо оби гарм ва собун шустану онро бо моеи “Антисептик” тар намудан аз сироятёбӣ эмин медорад. Таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани масуниятнокӣ (иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус аз сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз (чеснок) ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст.
Рубрики