Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МАВҚЕИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ МАРЗӢ ВА ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА ДАР ҶОМЕА

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тавзеҳи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марзӣ ва ҳамзистии осоишта дар ҷомеа мулоқоти гурӯҳи корӣ бо устодони донишгоҳҳои олӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Мулоқоти мазкурро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода оғоз бахшида, доир ба оқибатҳои нохуши амалҳои номатлуб, роҳҳои пешгирии он суханронӣ намуда, масъалаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марзиро шарҳу тавзеҳ дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов зимни баромади хеш қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро низ ба ташвиш овардааст, ин паҳн шудани ангезаҳои терроризм ва ифротгароӣ дар тамоми олам мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, бинобар ноогоҳии ҷомеа сол то сол сафи худро зиёд намуда истодааст. Худи маънии терроризм маънии таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин мебошад.  Боиси хушнудист, ки дар кишвари мо баҳри огоҳии комил ёфтан аз оқибатҳои хатарзои ифротгароиву терроризм чорабиниҳои муассир андешида мешавад. 

Дар идомаи мулоқот декани факултети забонҳои Шарқи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои филологӣ, дотсент Исломҷон Раҳимов ва Мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Саидзода Шӯҳрат Шукур масъалаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марзиро муфассал шарҳу тавзеҳ дододанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *