Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Шодмонии ҷавонон дар Шоми ҷавонӣ

“Ҷавонон ояндаи миллат” таҳти ин унвон шоми 20 май дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” дар назди маҳаллаи  “Суғдиён” маросими ҷамъбастии моҳвораи ҷавонон баргузор шуд.

Дар Шоми ҷавонӣ роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон , намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ширкат намуданд.

Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон”, ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода  ва роҳбарону намояндагони КИ ҲХДТ ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва шаҳри Хуҷанд иштирокчиён ва ҷавонони саодатманди меҳанро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош намуда, аз таваҷҷӯҳу дастгириҳои давлату ҳукумат нисбати ин қишри ҷомеа ёдоварӣ карданд.

Сипас, дар доираи Шоми ҷавонӣ як қатор донишҷӯён, ки дар чорабиниҳое бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонони донишгоҳ ташкилу баргузор гардида буданду фаъолона ширкат варзиданд, қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ диплом ва медалу ҷом тақдим карда шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони донишгоҳ ташкил гардида, зери суруду мусиқиҳои ватандӯстона донишҷӯён то дергоҳ шодмонӣ карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *