Бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, ба онҳо ёрии молиявӣ расониданд.
Ҳамчунин дар ин вохӯриҳо аз хизматҳои шоёни собиқадорон дар пешрафту тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат ёдоварӣ карда шуд.