Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ҲХДТ – РОҲНАМОИ ХАЛҚ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми 28 соли фаъолияти босамар ба ҷомеаи мо марҳила ба марҳила навгонӣ ворид карда, баҳри таҳкими дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту тараққиёти ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста кӯшиш менамояд.                                Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби ормонҳои халқ буда, соли 1994 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт ва имрӯз дар байни мардум нуфузи бештарро пайдо намудааст.                                                                   

Ҳизб дар фаъолияти худ мунтазам дастгирии оилаҳои ниёзмандро ба роҳ монда, барои ноил шудан ба зиндагии шоиста аз ҳамаи имкониятҳо босамар истифода мебарад.

Имрӯзҳо тибқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи “Ҳафтаи ҳизб” бахшида ба 28-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қатор конфронсу мулоқотҳо, ҳамоиш, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар  чорабиниҳо ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Санаи 7 декабри соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Маркази саратоншиносии вилояти Суѓд дар қаҳвахонаи «Абдуваҳҳоб» бо иштироки бошандагони «Хона – парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда»-и шаҳри Хуҷанд дастархони идона ташкил гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суѓд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок намуда, иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрик намуданд. Ҳамчунин ба ҳар кадоми бошандагони «Хона – парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда»-и шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.                              

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *