Рубрики
Асосӣ

Хуҷанд: ҶАВОНОНИ ХУШБАХТИ ДИЁР

Ҷавононро дар ҳар давру замон номбардору пуштибони Ватан ва ниёгони аҷдодӣ меҳисобанд. Давлату ҳукумат низ ҷавонони фаъолу пешсаф ва фидоёни Ватанро дар ҳама мавридҳо ҳимоя намуда, дастгириву пуштибонӣ мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромади хеш таъкид менамоянд, ки фардои ин миллат дар дасти ҷавонон аст ва барои рушди нерӯи зеҳни ва фикрии онҳо бояд ҳама шароитҳоро  муҳайё намоем.

Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои Президентӣ ва номӣ, квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии Президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби чавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.

Ба ин хотир имрӯз аз рӯйи нақша-чорабинии шуъбаи чавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба пешвозгирии 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25 нафар наврасон ба сафи аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” кабул карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев иштирок ва баромад намуда, қайд карданд, ки ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.

Аз ин рӯ, огоҳ будан аз гузаштаи пурғановати худ, арҷ гузоштан ба меҳнати сидқдилонаи падарону бобоён, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, худшиносӣ вазифаи ҷонии ҳар яки шумоён  бояд бошад.

Дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи “Созандагони Ватан” ба наврасони қабулшуда супорида шуд.

Назокат Юсупова

Сармуҳарири рӯзномаи “Шафақ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *