Рубрики
Uncategorized

Чи тавр хушунати оилавиро пешгирӣ бояд кард

          Ин мавзӯъ дар сӯҳбатҳое, ки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо сокинони ҷамоати деҳоти  Чинор доир намуданд, баррасӣ шуд.

          Муовини раиси Кумиҷроия Парвина Тошева, мудирони шӯъбаҳо Бурсибой Лутфуллоев, Мавлуда Тоҷиева, Қобилҷон Ҷалолов дар толори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи рақамҳои 39 ва 40  ба сокинони деҳаҳои  Шаршара ва Чинор нуктаҳои асосии  Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”-ро шарҳ дода,  бо иштироки фаъолонаи ҳамсӯҳбатон роҳҳои пешгирии онро баррасӣ намуданд.

          Аз ҷумла, таъкид шуд, ки мушкилоти равонӣ, иқтисодӣ, сатҳи таҳсилот, таҳаммулпазирӣ аз омилҳои хушунат дар оилаҳо буда метавонад ва барои бартараф намудани онҳо бояд дар оилаҳо муҳити созгори  ҳамдигарфаҳмӣ  муҳайё бояд кард.

           Кормандони Кумиҷроия ба саволҳои ҳозирин дар бораи ташкили варзишгоҳ, коргоҳи дӯзандагӣ дар ин деҳаҳо ҷавод гуфтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *