Рубрики
Last News

ЧОРАБИНИҲОИ НАВРӮЗӢ

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз мувофиқи нақшаи кории КИН ва барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд (аз санаи 13.03.2021 сол таҳти №26) санаи 16-уми марти соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди маҳаллаи “Санги кабуд” –и ҷамоати деҳоти Ашт чорабинии идона таҳти унвони “Наврӯз оғози офариниши фасли баҳор” доир гардид. Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ собиқадорону фаъолон ва занону ҷавонони фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди маҳаллаи “Санги кабуд”-и ҷамоати деҳоти Ашт Мирзонорова Зайнура ҳусни оғоз бахшида, доир ба байналмилалӣ гардидани Наврӯз ва оғози фасли баҳор таманниёти хешро иброз дошта, суханро барои табрикот ба Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ дод.

Каримзода Хушнуд Каримӣ ба сухан баромада, аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз номи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди маҳаллаи “Санги кабуд” ва тамоми сокинони Ҷамоати деҳоти Аштро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, қайд кард, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёдди миллии моро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад. Дар Тоҷикистон баъди расмиву давлатӣ гардидани ин ҷашн ҳамасола тамоми сокинони кишвар аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо рӯҳбаландии хос омодагӣ мегиранд. Ин аст, ки хурду бузурги кишвар интизори истиқболи Наврӯз мебошанд ва бо чорабиниҳои хотирмон тантанаҳои идонаро ҷамъбаст менамоянд. Сипас, якчанд нафар собиқадорону фаъолони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди маҳаллаи “Санги кабуд”- ҷамоати деҳоти Ашт аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ба муносибати Наврӯзи байналмилал бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.

Эҳёи анъанаҳои миллӣ, ва барномаи фарҳангии таҳия намудаи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди маҳаллаи “Санги кабуд”-и Ҷамоати деҳоти Ашт бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз ба чорабинӣ ҳусну тароварти тозе бахшид. Инчунин, пухтани Суманак, ки яке аз суннатҳои неки Наврӯз мебошад, занону бонувони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди маҳаллаи “Санги кабуд” иқдоми некро дар роҳи хайру савоб дар иди Наврӯз анҷом дода, суманаки пухтаи худро ба оилаҳои ниёзманд ва занони яккаву танҳои деҳа тақсим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *