Рубрики
Last News

ШАРҲИ НУҚТАҲОИ ПАЁМ

Рӯзи гузашта дар толори Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон вохӯрии гурӯҳи тарғиботиву ташвиқотӣ бо роҳбарии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва иштироки устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Нуралӣ Нурзод – доктори илмҳои филологӣ, Боирҷон Раҷабов – номзади илмҳои филологӣ, Фахриддин Ҳамроқулов – номзади илмҳои филологӣ, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ – Зайнура Умарзода ва раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб – Дилшод Зокиров бо сокинони ҷамоат баргузор гардид.

Сараввал муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Зайнура Умарзода баромад намуда, мақсади вохӯриро шарҳ дод.

Мурод Шукурзода – узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастовардҳои ноҳияи Мастчоҳ дар соли гузашта, рушди кишоварзиву саноатии кишвар, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, суханронӣ намуд.

Доктори илмҳои филологӣ – Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филологӣ – Боирҷон Раҷабов, номзади илмҳои филологӣ – Фахриддин Ҳамроқулов оид ба озод намудани андози яксолаи иҷтимоии хоҷагиҳои деҳқонӣ, то панҷоҳ дарсад зиёд шудани нафақаи шахсони маъюб, сохта ба истифода додани як қатор мактаб-интернатҳои замонавӣ ба ятимони кулл ва дастгирии ниёзмандону шахсони камбизоат, ки дар Паём дарҷ гардида буд, баён карданд.

Комисари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ – майор Аҳадҷон Дадаҷонов дорир ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сахан ронда, аз ҳар як сокини ҷамоат даъват ба амал овард, ки дар ҳафзу ҳимояи ватан ба саҳлангороӣ дода нашуда, баҳри ҳимояи он камари ҳиммат банданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *