Дар бозори мараказии ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон идомаи аксияи “Эҳтиёт бош!” барои пешгирии паҳншавии марҳилаи навбатии бемории сироятии коронавирус гузаронида шуд.
Зимни баргузории аксия барои ҳама тъкид карда шуд, ки масъулиятро дучанд намуда, ба риояи гигиенаи шахсӣ, реҷаи ниқобӣ ва фосилаи иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд ва ҳангоми сар задани нишонаҳои беморӣ ҳатман ба табиби оилавӣ муроҷиат намоянд.