Рубрики
Uncategorized

Шаҳристон: Баргузории маҳфили адабӣ дар ноҳияи Шаҳристон

      Сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, аз он ҷумла сокинони ноҳияи Шаҳристон ҷашни бузурги миллӣ  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол гирифтанд. Имрӯзҳо низ тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон баргузории чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дорад.

Санаи  22 сентябр дар доираи таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон маҳфили адабӣ таҳти унвони “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

          Маҳфили адабиро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  Шаҳринисо Ҳабибуллозода ифтитоҳ намуда, оид  ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, саҳми занон дар таҳкими истиқлол ва амалигардонии мақсад ва ҳадафҳои ҲХДТ суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки имрӯз занони мо дар баробари шинохти мақому манзалати худ дар соҳаҳои мухталиф самаранок фаъолият дошта, дар пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми назаррас доранд.

         Вобаста ба мавзӯи зикргашта мудири бахши занон ва ҷавонони  КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Шаҳристон  Эшмуродова Орзигул баромад намуда, зикр намуд, ки дар ҳақиқат занон нерӯи бузурги ҷомеа буда, ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин боиси  ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.

     Дар чорабинӣ занони фаъол, собиқадорон бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон қадршиносӣ ва ба аъзоёни навинтихобшуда шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин, ба хонандагону омӯзгорон, ки дар даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок ва ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд, диплом ва маблағҳои пулии Мақомоти иҷроия маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳия, ва тӯҳфаҳои хотиравии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон тақдим карда шуд.

       Дар чорабинӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия  дар васфи  зан – Модар ва аз ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шеърҳо қироат карда шуд.

       Дар охир, намоиши театрикунонидашуда ва барномаи консертии омоданамудаи аҳли фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *