Рубрики
Асосӣ

ШАҲРИСТОН: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳристони боло”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон

Санаи 29 июни соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии “Шаҳристони боло” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Ш., мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Назирҷон Мирмуллоев, раиси ташкилоти ибтидоии “Шаҳристони боло” Абдурашидзода А., мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғот Обидов И., мудири бахши кор бо занон ва ҷавонон Эшмуродова О., аъзоёни фаъоли ҳизб ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд.

Маҷлис аз масъалаҳои зерин сурат гирифт:

1. Ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоӣ аз Конференсия то Конференсияи навбатӣ

2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2022

3. Интихоби Раиси ташкилоти ибтидоӣ

4. Интихоби вакилон ба Конференсия ҳисоботӣ-интихоботии ҳизбӣ

5. Қабули аъзо ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Аз рӯи масъалаи якум Раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдурашидзода А. баромад намуда, ҳисоботӣ худро ба аъзоён ва намояндагони ҳизб қироат кард. Барои музокира 2 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур Зойиров В. ва Ҳакимов А. баромад намуда, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш ҳисобиданд.

Аз рӯи масъалаи думаю лоиҳаи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2022-ро раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдурашидзода А. ба ҳозирин хонда дод ва ҳама аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур бо як овоз тасдиқ кардаанд.

Масъалаи сеюм низ дар навбати худ ҳалли худро ёфт, аз тарафи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Ш. пешниҳоди Абдурашидзода А. ба номзадии ташкилоти ибтидоӣ пешниҳод гардид ва аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ бо як овоз ин пешниҳодро тасдиқ кардаанд.

Бобати масъалаи чорум вакилон ба Конференсия ҳисоботӣ-интихоботии ҳизбӣ низ интихоб гардиданд.

Ба Салимова Соҳиба Саидовна Шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Дар охир аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии таклифи ивази номи ташкилоти ибтидоии “Шаҳристони боло” ба “Дониш” пешниҳод шуда, ин таклиф бо як овоз тасдиқ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *