Рубрики
Асосӣ

ШАҲРИСТОН: Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Шаҳристон

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 11-уми январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи МИМҲД-и ноҳияи Шаҳристон маҷлиси ҷамбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон дар соли 2021 баргузор гардид.

Дар маҷлис Раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Баҳодур Исмоил, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” муҳтарам Абдусабур Абдуваҳобов, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо, раисони ташкилоти ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзоёни фаъоли касбу кори гуногун ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон иштирок доштанд.

Дар Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон масъалаҳои зерин:

1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар соли 2021;

2. Тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Тасдиқи нақшаи фаъолияти кумитаи иҷроия, кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизб барои соли 2022;

4. Масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оид ба масъалаи якум доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар соли 2021 Раиси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Шаҳристон Шаҳринисо Ҳабибуллозода баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи мазкур раиси ташкилоти ибтидоии “Шаҳристони боло” Абдурашидзода Абдувалӣ, аъзои ташкилоти ибтидоии”Ориёӣ” Ҳоҷимуродов Ҷасур, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди МИМҲД-и ноҳия Гулмуротова Ӯ. ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Отаев З. ба музокира баромаданд.

Дар маҷлис вобаста ба масъалаи дуюм ва сеюм қарорҳои дахлдор қабул гардида, нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон барои соли 2022 тасдиқ гардид.

Баъдан намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сармуҳаррири нашрияи ”Сухани халқ” муҳтарам Абдусабур Абдуваҳобов ва Раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Баҳодур Исмоил баромад намуда, ҳисобот оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон дар соли 2021-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Баҳодур Исмоил вобаста ба мазмун ва мӯҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” изҳори ақида намуда, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва сохторҳои дахлдори МИМҲД-и ноҳияро вазифадор намуданд, ки мӯҳтавои асосии Паём бо усули тарғиби хона ба хона фаҳмонида дода шавад.

Дар фарҷоми Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроия ба аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаи ҳизбӣ, ба аъзоёни фаъоли Кумитаи иҷроия сипосномаҳои КИВ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон аз тарафи аъзоёни Раёсат супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *