Рубрики
Uncategorized

ШАҲРИСТОН: Пешгири беҳ аз табобат

      Корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар якҷоягӣ бо кормандони маркази саломатии ноҳия баҳри тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии сокинон аз бемории сирояти коронавирус дар маҳаллаи “Омӯзгор”-и Ҷамоати деҳоти Шаҳристон мулоқоту вохӯриҳоро бо усули хона ба хона ва рӯ ба рӯ ба роҳ монданд. Зимни мулоқоту вохӯрӣ ба  сокинони маҳалла фаҳмонида дода шуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқобҳои муҳофизиро истифода бурда ба гигиени шахсии худ риоя намуда, ҳамеша хонаҳои худро тозаву озода нигоҳ доранд. Инчунин ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID- 19 аз ҷониби масъулин тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *