Рубрики
Асосӣ

ШАҲРИСТОН: САРБОЗОН ВА АФСАРОН ҲИМОЯТГАР ВА ИФТИХОРИ ВАТАН МЕБОШАНД

      Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан машғуланд, кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон якҷоя бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Шаҳристон  сарбозони ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбии ноҳия ва дидбонгоҳҳои деҳаҳои Фирдавсӣ ва Суғдиён  соле як-ду маротиба аёдат менамоянд, ки он ба ҳукми анъана даромадааст.

          Имрӯз 28 декабри соли ҷорӣ бахшида ба соли нави мелодии соли 2023 дар Қисми ҳарбии 03040-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Дуоба дар Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва дидбонгоҳи сарҳадии  деҳаи Суғдиён “Лолазор”  дар Ҷамоати деҳоти  Бунҷикат буда, бо иштироки муовини Хадамоти Зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ширин, Раиси ноҳияи Шаҳристон  Акрамзода Баҳодур,  сардори  Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дар ноҳияи Шаҳристон Аҳмадзода Суҳайл, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо  ва мудири бахши  кор бо ҷавонон ва  варзиши ноҳия Отаев Зоирҷон аёдати сарбозону афсарон баргузор гардид.

   Гурӯҳи корӣ аз вазъи воқеии қисми ҳарбии Қисми ҳарбии 03040-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Дуоба ва дидбонгоҳи сарҳадии   деҳаи Суғдиён “Лолазор” аз ҳолу аҳвол, сатҳи хизмат ва шароити зисти сарбозони ватан хабар гирифта, аз наздик дидан намуданд.

       Дар чорабинӣ муовини Хадамоти Зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ширин , Раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо кулли сарбозону афсарон ва ҳайати шахсиро бо Соли нави мелодии 2023 табрику муборакбод намуда,  қайд карданд, ки  ҷавонписарон дарси мардонагиву шуҷоатро дар айёми хизмати ҳарбӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани Ватанро аз худ менамоянд.

    Боиси ифтихор аст, ки ҷавонон худ дарк намудани хизмат ба Ватанро муҳимтарин қарзи шаҳрвандӣ меҳисобанд, бинобар ин  ҳамасола сафи ихтиёриён барои хизмат зиёд гардида истодааст.

    Гурӯҳи корӣ ҳамин рӯз сарбозон ва афсаронро бо маводҳои хӯрока таъмин намуда, аз сулҳу суботи кишвар, аз тинҷию оромӣ шукр намуда, сарбозонро  ба он далолат намуданд, ки  бо сарбаландонаву ифтихормандона хизмати ҳарбиро адо намоянд ва сиҳату саломат ба манзили  хеш баргарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *