1 декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД)-ро таҷлил менамояд. Аввалин шахсони гирифтор ба ин беморӣ дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Америка ба қайд гирифта шудаанд.
Бемории СПИД проблемаи мубрами рӯз буда, ба тамоми миллатҳо таҳдид менамояд. Эҳтимол то ба имрӯз дар тамоми дунё даҳҳо милион инсон ба вируси ин беморӣ мубтало шуда бошанд. СПИД системаи муҳофизати бадани инсонро , ки ба бемориҳои гуногуни муқобилият менамояд, хароб намуда, боиси марги он мегардад. Имконияти табобати ин беморӣ ҳанӯз мпълум нашудааст.Кӯдакони зиёд бо вируси СПИД ба дунё меоянд. Миллионҳо нафари онҳо дар асари ин беморӣ бе падар ё бе модар мондаанд.
Айни ҳол мубориза бар зидди ин беморӣ, омӯзиш ва муайян намудани беморони гирифтори вириси СПИД идома дорад. Аз ин рӯ , ҳамаи мо бояд донем, ки СПИД чӣ гуна беморӣ аст ва онро чи тавр пешгирӣ намоем.
Бемории СПИД вирусе аст, ки системаи мудофиавии баданро хароб менамояд. Шахси ба ин беморӣ гирифторшуда аз сабаби он нобут мешавад, ки ҷисми онҳо ба бемориҳо мубориза бурда наметавонад.
Одамоне, ки дорои вируси СПИД мебошанд, гирифтори беморӣ нагардидаанд , лекин дигар инсонҳоро ба ин касалӣ гирифтор карда метавонанд.
СПИД аломатҳои ошкор надорад. Гирифтори чунин беморӣ мумкин аст, ки хеле тансиҳату бардам намоянд. Шахсоне, ки ба саломатии худ шубҳа доранд, ҳатман барои муолиҷа ба маркази ташхиси СПИД муроҷиат кунанд.
Вируси СПИД ба чанд роҳ аз як шахс ба шахси дигар сироят карданаш мумкин аст:
- аз тариқи инттқоли хун;
- алоқаи ҷинсӣ;
- сӯзандору Ин вирус метавонад аз мард ба мард, аз мард ба зан ва аз зан ба мард сироят намояд. Агар ба шахси гирифтори ин беморӣ сӯзандоруро истифода намуда, онро дезинфексия накарда ба шахси солим истифода намоянд , боиси интиқоли беморӣ мегардад.
Барои пешгирии паҳн нагардидани СПИД дар бештари малакатҳои ҷаҳон сӯзандоруҳои як бор истифодашаванда ба кор бурда мешавад. Ба кӯдаконе, ки дар соли аввали ҳаёт ваксинаҳо мегузаронанд, сӯзандоруҳои яквақтаро бояд ба кор баранд .
Ҳангоми ба мардум фаҳмонидани ин мавзӯъ таъкид намудани ин омилҳо зарур аст:
-алоқаи ҷинсӣ бояд дар асоси боварӣ ба якдигар ба амал ояд;
– гузаронидани дору тавассути сӯзани наҷӯшонидашуда хатарнок аст;
-занони гирифтори вируси СПИД бояд аз ҳомилашавӣ худдорӣ кунанд;
– волидон бояд тарзҳои пешгирӣ аз бемории СПИД -ро ба фарзандон биомӯзанд.
Барои бехатарии худро риоя кардан шахс бояд шароит ва маълумот оиди касалиҳои сирояткунанда дошта бошад. Дар корхонаҳое, ки дар он ҷой хатари баланд аст, мисоли бо буридани ягон металу маводи сохтмонӣ кор мекунанд. Ҳастанд ҷойҳое, ки дар он хатар камтар аст, коргоҳе, бештар бо компютер кор мекунанд. Бинобар ин, ҳама вакт шароити хуби бехатарӣ барои саломатии кормандон ба роҳ монда шавад.
Дар ҳар маврид шахс боядпеш аз ҳама қоидаҳои бехатариро донад.
Мудири бахши иттилоот ва талиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Муллоева М.