Рубрики
Асосӣ Мақола

ШАҲРИСТОН: ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ИФРАТГАРОЁН

 Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат  менамояд.
       Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб карда аст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиятҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд. Баъзан сиёсати духураи онҳо ба тезутунд гаштани террорҳои нав дар кишварҳое, ки дар гирдоби азими буҳрони сиёсӣ дучор гаштаанд ба амал меояд. Абарқудратҳо баҳри муайян намудани мавқеи геополитикии худ пинҳонӣ ба гурӯҳҳои тундрав маблағгузорӣ менамоянд. Дар замони муосир кишварҳои Осиёи Миёна мавриди таваҷҷуҳи манфиатҳои геополитикии давлатҳои алоҳида қарор гирифтааст, ки бархурди манфиатҳои онҳо дар манотиқи Шарқи Наздик, Кавказ ва Осиёи Миёна рӯз аз рӯз хавфу хатари навро эҷод менамояд.

         Имрӯз низ бархе аз ифратгароён, хоинони миллат ҳадафҳои нопоки худро мехоҳанд,ки дар тамоми ҷаҳон амалӣ созанд ва сулҳу суботи ҷомеаро халадор намоянд. Хушбахтона, мардум ҳоло чеҳраи аслии ин афродро шинохтаанд.Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намуда, манфиатҳои шахсиро дар зинаи охир бимонем ва ҳамеша дӯстдори Ватани маҳбубамон бошем. Мо дар якҷоягӣ метавонем бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Пас даст бар дасти ҳам монда кӯшиш намоем, баҳри муҳофизати ин марзу бум ҷони худро дареғ надошта, содиқонаю софдилона хизмати арзандае намоем.

 Мудири бахши кор бо ҷавонон

ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи

 Шаҳристон                                                                  Эшмуратова О.                                                               

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *