Рубрики
Асосӣ

ШАҲРИ ГУЛИСТОН БА НОҲИЯИ АШТ “АЛБОМ-ЭСТАФЕТА” -РО СУПОРИД

      Ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд роҳандозӣ гардида истодааст.

     Таърихи 16.09.2022  Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода дар даромадгоҳи ноҳияи Ашт албоми рамзиро дар ҳузури меҳмонон, фаъолони ҳизб ба раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Хушнуд Каримзода дар вазъияти тантанавӣ “Албом-Эстафета”-ро супорид.

     Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир маҳсуб меёбад.

      Иҷлосияи мазкурро ҳамчун пойдевор ва Кохи муҳташами сулҳ дар Тоҷикистон метавон арзёбӣ намуд, зеро дар он ҳайати нави сиёсии роҳбарияти олии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаҳои амалии рафъи бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварро таҳия ва қабул намуд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии давлати тоҷиконро аз миён бардошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *