Рубрики
Last News

ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДАВУ ИН ОБШОРОН ЗИНДА БОД…..

Бахшида ба 110 – солагии шоири ширинкалом, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ғозиён” чорабинии фарҳангӣ – адабӣ доир гардид. Мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар баромади хеш ба иштирокчиён оид ба мазмуну муҳтавои шеърҳои ба Ватан бахшидаи устод маълумот дод. Инчунин қайд гардид, ки дарёи назми ӯ ҳамчунқувваи бузурги ҳаётбахшба дашту водиҳои фарох расида ташнагонрошодоб. Заминҳоро обод мекунад,ба хонандаҳои сершуморҳамчун дурдонаҳои шеъри ҳақиқӣ завқу шавқ, шодию сурур мебахшад. Николай Тихонов ҳаққонӣ навишта буд:

Туро бинам бузургу солдида,

Валекин чун ҳунар доим ҷавонӣ.

Ҳунар пирӣ надорад,то ҷаҳон ҳаст,

Ту ҳам пирӣ надорӣ , ҷовидонӣ.

Аз ҳаёти шоир саҳначаҳо намоиш дода шуда, аз ашъори пурғановаташ шеъру таронаҳо суруда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *