Рубрики
Асосӣ

Шиносоӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе

Шунавандагони курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр ҷиҳати шиносоӣ ва таҷрибаомӯзӣ аз фаъолияти онҳо боздид намуданд.

Аз ҷумла, иштирокчиён дар гуруҳҳои хурд аз кори ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии, “Молия”, “Садо ва Симо”, “Омӯзгор”, “Меҳнат”, “Истиқлол”, “Китобдор”, “Тоҷикматлубот” ва дигарон шинос шуда, бо ҳамдигар табодули афкор намуданд. Таҷрибаи пешқадам низ мавриди музокира қарор гирифт.

Мояи ифтихор аст, ки дар кулли дастовардҳо, самту бахшҳои гуногун ва муҳимми давлатдорӣ саҳми ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе арзишманд арзёбӣ мешавад. Ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб ба роҳ монда, пайваста баҳри он мекушанд, ки дар тарғиби дастовардҳои истиқлол ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, таблиғи ҳамешагии сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ҷойгоҳи муносиб дошта бошанд.

Имрӯз шумораи аъзои ҳизб дар кишвар беш аз 521 498 нафар буда, онҳо дар 6646 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд.

Яке аз масъалаҳои меҳварӣ тақвият бахшидани фаъолияти дохилиҳизбии ташкилотҳои ибтидоӣ мебошад. Назорати ҳаракати аъзо, низоми дохилиҳизбӣ, қабули сифатноки аъзои ҳизб, баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва супоридани ҳақки узвият як бахши муҳимми фаъолияти дохилиҳизбиро дар бар гирифта, ба миён овардани низоми мукаммал омили муваффақияти фаъолияти ҳизбӣ ба шумор меравад. Тайи солҳои охир ин масъала дар фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ афзалияти хосро касб намуданд.

Ҷоннок намудан, тақвият бахшидан ва ба талаботи рӯз мутобиқ намудани кори ташкилотҳои ибтидоӣ, ки асоси ҳизб маҳсуб мешавад, ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.

Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муқоисакунии аъзои ҳизб пайваста гузаронида мешавад. Тибқи фармоиши муовини якуми Раиси ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати сабт, қайди дақиқ ва шаффофияти ҳаракати аъзои ҳизб дар робита ба роҳандозӣ намудани тадбирҳои роҳбарияти Ҳукумати кишвар барои гузаштан ба низоми “Ҳукумати электронӣ” ва дар амал татбиқ намудани талаботи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2020-2027 Барномаи “Махзани ягонаи электронии аъзои ҳизб” таҳия ва бо қарори Раёсати КИМ тасдиқ ва татбиқ гардид.

Дар асоси супориши муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор акнун кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, махсусан қабули сифатноки аъзои ҳизб, татбиқи низомномаҳои ҳизбӣ, талаботи оинномавӣ ва барономавии ҳизб, сари вақт баргузор намудани маҷлисҳои кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, супоридани ҳаққи узвият, ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб, иштироки фаъолона дар маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, дуруст таҳия намудани ҳуҷҷатнигорӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҳизбӣ, риояи Одобномаи корманди ҳизб ва беҳбуд бахшидани шароити корӣ чораҷӯӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *