Рубрики
Last News

ШОДРӮЗ ДАР ЗОДРӮЗ

Имрӯз дар даромадгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова бо афсари тануманд истода ашки шодӣ рехта ба муовини Раиси КИ ҲХДТ Аминҷон Шарифзода ҳарф зад.

-Писарам Мирзошавкат аз адои хизмат омад. Вақте ба синни 18-сола расид бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта буд. Ду сол дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намуд. Имрӯз зодруз дорад ба синни 20-солагӣ даромад. Мехоҳад ба Академияи милитсия дохил шуда, таҳсилро давом диҳад.

Муовини Раиси КИ ҲХДТ Аминҷон Шарифзода ба шодии Заррина Манонова шоду шарик шуда Мирзошавкат Маноновро бо адои хизмати ҳарби табрику муборакбод намуд. Ба Ҳомии Ватан муваффақияту бурдбориҳо таманно дошта иброз дошт, ки Мирзошавкат Манонов ва модараш Заррина Манонова ба дигарон намунаи ибрат бошанд.

Мирзошавкат Манонов таъкид намуд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавонмард аст. Мо бояд ба Ватан хизмат намуда Ватанамонро ҳифз намоем. Мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова бо ифтихор қайд намуд, ки ба мо масъулону аъзои ҲХДТ, ки яке аз ҳадафҳои аслии ҳизбамон ҳифзу ваҳдату ягонагӣ аст, татбиқи ин ҳадаф муҳимтар аз ҳама манфиатҳои шахсиву оилавӣ мебошад.

Бо самимияти афзун кулли кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ҳамсафон, модари Ҳомии Ватан Заррина Манонова ва Мирзошавкат Маноновро бо адои хизмат ҷашни зодруз табрик намуда бароятон саломатӣ, офияти ҳамешагӣ, хушиҳои рўзгор ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно менамоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *