Рубрики
Асосӣ

ШОД БОШ, ЭЙ БАЛХУ ЭЙ ФАРЗАНДИ БАЛХ, ЭЙ МЕҲАН ФАРЗАНДИ БЕМОНАНДИ БАЛХ.

     ш.Гулистон: Ҳамасола рӯзи хотираи Мавлоно Ҷалолиддин Балхии Румӣ  санаи 30 сентябр, дар рӯзи мавлуди шоир дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз дар толори  мактаби санъати шаҳри Гулистон ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг” чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардид.

     Ба чорабинӣ директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр Биомина Мирзоева ҳусни ифтитоҳ бахшид.

      Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба ифтихори Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ манзури иштирокчиён расонида шуд. Маърӯзачиён аз осори гаронмояи Мавлоно Балхӣ,  ҷойгоҳи адабии шоир ва мазмуну муҳтавои асари мондагори шоир “Маснавии Маънавӣ” ёдоварӣ намуданд.

      Дар қисми адабии чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр аз ашъори шоир шеъру ғазалу андарзҳо  қироат  намуданд. Саҳнаҳо аз “Маснавии Маънавӣ” манзури иштирокчиён намоиш дода шуд. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳо таронаҳо аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ табъи иштирокчиёни чорабинии адабӣ-фарҳангиро болидахотир намуд. Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *