Рубрики
Last News

Шоири маҳбуби мо

        Ҷашнгирии 110-солагии шоири бузург, маҳбуб ва марғуб, Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби намоёни ҷамъиятӣ ва давлатӣ, сарбози сулҳу амонӣ ва ситоишгари дӯстии ҷаҳониён, марди дарёдил – Мирзо Турсунзода барои кулли мухлисон ва дӯстдорони назми болопарвозаш ҷашни калони фаромӯшнашаванда хоҳад шуд.

      Ба муносибати ин ҷашни фархунда дар ташкилоти ибтидоии минтақаи “Сартӯқай” маҳфили адабӣ таҳти унвони “Шоири маҳбуби мо” баргузор гардид, ки дар он намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок намуданд. Дар маҳфил хонандагон ва омӯзгорони МТМУ №47 оид ба  ҳаёт ва фаъолияти шоир баромад намуда, аз ашъори пурмазмунаш шеъру таронаҳо суруданд.

    Мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни суханронӣ зикр намуд,ки шеърҳои Мирзо Турсунзода барои тарбияи ватандӯстӣ аҳамияти калон дорад. Вай манзараҳои диёру маҳалҳои Ватан, ҳаёти халқ, комёбиҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ ва мадании онро бо тамоми вуҷуд ва ҳастии худ месарояд.

   Дар охири маҳфил ба якчад аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *