Рубрики
Uncategorized

Шоми муҳаббат дар “Кохи фарҳанг”-и ба номи Лоиқ Шералӣ

Дар ҷамъбасти рӯзи сеюми курси бозомӯзӣ иштирокчиён бо роҳбарии муовини якуми Раиcи ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, муовинони Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода барномаи рангини фарҳангию фароғатиро, ки аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони мо дар шаҳри Панҷакент омода шуда буд, тамошо карданд.

Барномаи чорабинӣ басо пурмуҳтаво буда, аз номераҳои гуногуни консертӣ, ки тараннумгари сулҳу ваҳдати пойдор, истиқлоли давлатӣ, рушду пешрафти вилояти Суғд, талошҳову тадбирҳои Пешвои муаззами миллат баҳри таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва таърихи бойи миллати тоҷик буд, мураттаб гардид.

Шунавандагони курси бозомӯзии ҳизбӣ ва дигар меҳмонон ба ташкилкунандагони чорабинии фарҳангии мароқангез изҳори сипос намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *