Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ соати сиёсиро таҳти унвони “«Нақши ҲХДТ дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ” бо иштироки фаъолони ҳизб, собиқадорон, ҷавонону занон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба роҳ монд.
Масъулон зимни баромади хеш қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пояҳои Истиқлолияти давлатӣ басо калон аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 таъсис ёфт. Таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилае рост омад, ки миллати тоҷик дар фитнаву иғвои бадхоҳони миллат қарор дошт. Истиқлолияти давлатӣ ва ҷомеа дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт, халқ дар ҳолати қашшоқи зиндагӣ мекард. Дар чунин шароити душвори зиндагӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун нерӯи сиёсӣ барои ислоҳи вазъи ба амал омада ташкил шуд. Ин нерӯи сиёсӣ ба номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омад ва тавонист, ки бӯҳронҳои идеологӣ ва сиёсии ба амал омадаро аз байн барад, ҷомеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои созанда, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи пешбарандаи сиёсӣ табдил ёфт, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба он ояндаи дурахшону умед бахшид.
Шиори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2020 “ Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” эълон гардид, зеро масъалаи Ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ дар ҳар давру замон аз масъалаҳои асосӣ ва омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад.