Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: Беҳрӯз Саттаров – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” интихоб гардид

       Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода таърихи 23.06.2022 дар толори  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор карда шуд.  

       Дар маҷлис масъалаҳои  ҷамъбасти фаъолият ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022, тасдиқи нақшаи фаъолияти ташкилот барои нимсолаи дуюм ва вазифагузориҳо, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ,  пешбарии номзадҳо ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

      Нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди фаъолони ҳизб шунида шуд. Қайд гардид, ки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар меҳвари фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ қарор дошта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои созанда, ҳар як аъзои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон содиқона фаъолият  карданд.

      Ҷиҳати омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои созандагию ободкорӣ низ ибрози андешаронӣ карда шуд.

      Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода фаъолияти

ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк”-ро дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуд.

      Ҳамзамон, ибрози сухан карда шуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол 25-умин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои ҳамдилӣ ва нусрату пешравиҳои созандагӣ таҷлил менамоянд. Маҳз бо кӯшиш ва талошу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи нек рух доду миллати парешони тоҷик сарҷамъ гашт ва мамлакатамон обод гардид.

      Инчунин, вобаста ба тақвияти кори дохилиҳизбӣ,  тарғибу тавшиқи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Дар бораи танзими анъанан ва ҷашну маросим» истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, омодагии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ ва захираи маводи хӯрока, пешгирии амалҳои номатлуб, гузаронидани вохӯриву мулоқот бо усули хона ба хона вазифагузорӣ карда шуд.

      Интихоби раиси ташкилот, муовини раиси ташкилот ва интихоби вакилон ба Конференсияҳои ҳисоботӣ интихоботӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монда шуданд.

       Беҳрӯз Саттаров – мудири филиали №3                                                                                         1 БДАҶТ “Амонатбонк” бо овоздиҳии якдилонаи фаъолони ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк ” интихоб карда шуд. Ҳамаи масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

       Дар фарҷоми маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ фаъолон барои амалӣ гардонидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд. Суратгузориш аз ҷараёни маҷлис.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *