Рубрики
Асосӣ

Ш.ГУЛИСТОН: ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ШАҲРИ ГУЛИСТОН

      Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва сазовор истиқбол намудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори корхонаи фузулоти нодири Ленинободи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Чоруқдаррон”  бо иштироки фаъолони ҳизб, занону ҷавонон тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз доир гардид.

      Дар вохӯрӣ муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мунсурӣ,  профессори Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд Азимов Абдумавлон  ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён иштирок ва ибрози сухан намуданд.

Раиси Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Наргис Бердиева ба вохӯрӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.

    Баромадкунандагон оид ба дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар, дастовардҳои даврони истиқлолӣ, ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизм,  ҷалби ҷавонон ба китобҳои бадеиву илмӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоили мубрами рӯз фикру андешаҳои хешро баён намуда, фаъолони ҳизб, хусусан ба ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ҳеҷ гоҳ фирефтаи суханҳои беасоси гурӯҳҳои мухолифин нагардида, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии кишвар саҳми босазои худро гузоранд.

      Ҳадафи баргузории вохӯрӣ ҳимояи манфиатҳои ҳаётӣ, ҳифзу суботи амнияти Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ ва дар руҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас буд.  Дар фарҷоми вохӯрӣ ба якчанд нафар аъзои тозаинтихоби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида ва фаъолони ҳизб бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд. Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *