Рубрики
Асосӣ

Ш.ГУЛИСТОН: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНСЭ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 5 масъала баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид .

        Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботиро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоиро тасдиқ намуд.

       Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоӣ  оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод. Инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барномаи ҲХДТ ва корбарии фаъолони ҳизбро байни аҳолӣ зикр кард.

      Сипас фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карда шуда, нақшаи фаъолияти ташкилот барои нимсолаи дуюм тасдиқ карда шуд.

      Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, муосидат намудан дар маъраки сиёсӣ “Обуна-2023”ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз  ибрози сухан намуд.  

     Бо пешниҳоди аъзоёни ҲХДТ сардухтури маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии шаҳр Нематзода Насим Неъмат  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *