Таърихи 30.06.2022 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Консой” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб иштирок доштанд.
Нахуст, ҳисоботи раиси ташкилот дар самти фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли равон шунида шуд. Масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Консой” Алимкулов Комил сардухтури беморхона интихоб карда шуд.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Шарифа Отаҷонова оид ба роҳ мондани маъракаи “Обуна-2023” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ибрози сухан намуда, барои боз ҳам пурзӯр намудани фаъолияти ташкилот тавсияҳои судманд дод. Суратгузориш аз ҷараёни маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ.