Рубрики
Асосӣ

Ш.ГУЛИСТОН: МУЛОҚОТИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

      Мутобиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон  аз 14 то 22 октябр  вакилон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромаданд.      

      Имрӯз тибқи нақша дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Гулистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон доир гардид.

     Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода мулоқотро  оғоз намуда, таъкид кард, ки яке аз дастовардҳои даврони Истиқлолият ин таъсиси парламенти касбӣ иборат аз ду палата буда, он ба яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ мубаддал шудааст.

      Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 Ғайрат Азиззода оид ба қарору қонунҳои ба тозагӣ қабулнамудаи парлумон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои муаззами миллат ва дигар масъалаҳои меҳварии сиёсати мардумпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сазовор ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ибрози сухан намуд.

      Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳо бо неруи барқ дар фасли сармо, рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

       Дар идома Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода доир ба аҳамияти таърихии санади сарнавиштсози миллат – Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

       Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён баргузории мулоқотро бо интихобкунандагон тадбири муҳим арзёбӣ намуда, афзуд, ки гулистониён дар роҳи амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар сарҷамъона фаъолият намуда истодаанд.

    Мулоқотҳои вакил бо интихобкунандагон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд. Аксҳо аз ҷараёни мулоқот.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *