Рубрики
Асосӣ Мақола

ш.Гулистон: ПАЙВАНДГАРИ ДИЛ ҲО ВА ТАМАДДУНҲО

    Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри XIII таккони бузурге ба адабиёт ворид кардааст. Пас аз Саноиву Аттор, Ҷалолиддини Балхиро дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд. Мутафаккири бузург дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза қироат мекунанд.Шахсият ва мероси ин бузургвор боиси эҷоди садҳо мусаввараҳо аз ҷониби рассомони давраҳои гуногун гаштааст. Ҷалолиддини Балхӣ дар сароидани ғазал низ беназир буда, девони Кабир ё Шамси Табрезӣ намунаи олии ғазалиёти ӯ махсуб мегардад.  Ғазалҳои ӯро, ки бо забони ноби тоҷикӣ садо медиҳанд, оҳангсозони касбӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Аврупову Амрико месароянд ва аз онҳо ҳаловат мебаранд.

      Мавлавӣ пайрави ақидаҳои Шамси Табрезӣ буд ва ба ин хотир бо умеди ҷовидон кардани номи устод баъди марги ӯ девоне иншо кард бо номи девони Кабир ё худ девони Шамси Табрезӣ. Куллиёти Шамс аз ғазалу касида ва рубои иборат аст. Осори бегазанди ӯ яке девони ғазалиёт ва дигаре «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки аз шаш дафтар иборат аст. Вай бо ин асари худ навъи маснавии ирфониро то ба дараҷаи баланди такомул пеш бурд. Гузаштагони Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургони тасаввуф ва соҳибони ҳол буданд. Ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Мавлоно Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонӣ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *