Рубрики
Асосӣ

Ш.ГУЛИСТОН: Фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “шаҳраки чоруқдаррон” натиҷагирӣ карда шуд

       Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Чоруқдаррон”  баргузор карда шуд. Дар рафти кори маҷлис  масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  ширкат варзид. Аъзоёни фаъоли ҳизб бо масъалаҳои рӯзномаи маҷлис шиносоӣ пайдо намуда, доираи масъалаи якум ва дуюми рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад намуда, ҳисобот дод. Пас аз муҳокима фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Чоруқдаррон”  дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид ва  нақшаи кори ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 бо дар назардошти таклифу пешниҳодҳо тасдиқ карда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Ҳамзамон, бо таклиф ва ҷонибдории ҳозирин  раиси ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Наргис Бердиева  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ин масъала низ якдилона қарори дахлдор қабул карданд. Аъзои ташкилот бо қабули қарор вакили худро ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон пешбарӣ намуданд.

      Сипас, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  раиси ташкилот ва аъзоёни ҳизбро

вазифагузорӣ кард, ки нисбати камбудиҳои ҷойдошта фаъолиятро пурзӯр намоянд.  

     Дар фарҷоми маҷлис ба як қатор фаъолони тозаинтихоби ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *