Рубрики
Асосӣ

Ш.ГУЛИСТОН: ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИСТ!

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вусъат бахшид.

      Тарғиботчиён бо усули “хона ба хона” бо шаҳрвандон мулоқот доир намуда, ибрози сухан намуданд, ки имрӯз мо дар шароите зиндагӣ мекунем, ки баъди талошу кӯшишҳои зиёд, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо ба як давлати воҳид, мустақил ва бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиб гардидем. Ташкили артиши замонавӣ, аз нигоҳи қудрату тавоноӣ боэътимод, инчунин муҷаҳҳаз бо бинову иншоотҳои замонавӣ моро водор менамояд, ки устувор ва бо азму иродаи қавӣ ба оянда назар кунем. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимоди Ватан аст. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарзи муқаддаси фарзандона ва мояи ифтихору шарафи бузург аст. Артиш ин мактаби шуҷоат, далерӣ, бародарӣ, рафоқат,      худшиносӣ ва ватандӯстии ҳар як ҷавонмард аст. Қарзи муқаддаси       ҳар яки мо аз он иборат аст, ки сулҳи устувору тамомияти арзии

Тоҷикистони азиз ва ягонагии миллии халқи онро ҳамчун гавҳараки   чашм ҳифз намоем. Бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки халқ, падарону                модарон ва бародарону хоҳарон дар симои ҳар яки мо ҳомиёни асили Ватан, замини аҷдодӣ ва марзу буми онро мебинанд».

      Ҷавонони азиз! Аз хизмат ба Ватан-Модар канораҷӯӣ накарда, баҳри химояи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *