Рубрики
Асосӣ

Ш.ХУҶАНД: КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ “МАСҶИДИ САВР”-И ШАҲРИ ХУҶАНД

Ин навбат гуруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи “Масҷиди Савр” дар толори МТМУ №3 вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор” Сабоҳат Бобоҷонова,  устоди  ДИС ДДТТ Мақсудова М.Б.  ва раиси кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр Ҳоҷибоев М.Ш иштирок ва баромад карданд.

 Вохӯрии мазкур оид ба масъалаҳои  даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии амалҳои номалуб, самаранок истифода бурдани қувваи барқ, фаҳмонидани қоидаҳои  буду бош дар дар давлатҳои хориҷ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба роҳ монда шуда, мақсад аз ин вохуриву мулоқотҳо корҳои фаҳмондадиҳиро байни мардум ҷоннок намуда, баҳри ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан – модар ва пешгирии ҳаргуна корҳои номатлуб мебошад.

Бояд қайд намуд, ки вохӯрии мазкур тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамкорӣ бо  Мақомоти Иҷроияи  Ҳокимияти Давлатии шаҳри Хуҷанд бо навбат дар тамоми  кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр доир гардида истодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *