Рубрики
Асосӣ

Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳи тоҷикон!

Дар идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд барномаи сиёсӣ таҳлилӣ “Амният ва ҷомеа” сабт гардид. Мавзуъи   навбатии барномаи мазкур Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳи тоҷикон номгузори гардид, ки дар он коршиносони барнома  Исмоилзода Зуфархон Муртазохон – Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Усмонзода Аюб Ислом – ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шарифзода Муъмин Машокир – ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Муҳаммадалӣ Бахтиёр Набӣ – ректори Донишкадаи куҳию металургии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар барнома Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон низ сухан намуда оид ба ваҳдати миллӣ қайд намуд, ки дар таъриху сарнавишти ҳар як миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънои томаш ҳамчун даврони саодатмандӣ ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои аҳли кишвари азиз 27 июн – Рӯзи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз шумори ҳамин санаҳои муҳиму тақдирсоз мебошад. Биступанҷ сол инҷониб ин рӯзи таърихиву сарнавиштсозро аҳли кишвар чун оғози роҳи бобарори марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамояд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас, ҳамвазни истиқлолият, заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ ном бурда, таъкид мекунанд:  «Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор мераванд.   Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст. Ғояи Ваҳдати миллӣ ва истиқлолхоҳӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти милли тоҷикон мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад».

Пахши пурраи барномаро метавонед  имруз 25 июни соли равон соати 18:50 тариқи тв Суғд тамошо кунед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *