Рубрики
Uncategorized

ЭҲЁИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ ДАР БАЙНИ СОЗАНДАГОН

Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ, фаъолиятҳоянд, ки ҳамчун воситаи тафреҳӣ ва дилхушӣ дар байни мардум новобаста ба синну сол аз замонҳои қадим то имрӯз барои тарбияи варзишӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии инсон хидмат мекунанд. Бархе аз бозиҳои миллӣ ва мардумӣ дар замони бостон (аҳди Сосониён) роиҷ буданд ва то имрӯз расидаанд. Аз он ҷумла бо фарорасии фасли баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз дар ҳама деҳаҳои ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Айнӣ ҷавонон дар маҳалҳо ҷамъ омада, бо як шавқи баланд ва меҳрубонии хос бозиҳои миллиро баргузор менамоянд ва дар ҳолати мағлуб шудани яке аз гурӯҳҳо вазифадоранд, ки талаботҳои пешбинишудаи бозиҳоро иҷро намоянд, ки хело ҷаззобу диданӣ мебошанд. Бахшида ба фарорасии Наврӯзи хуҷастапай аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и КИ ҲХДТ дар деҳаи Путхини Ҷамоати деҳоти Айнӣ бо як меҳру муҳаббат ва рафоқати ҷавонӣ ҳатто ба сару либосҳои мактабии худ нигоҳ накарда, бо риояи инбозоми хонандагӣ бозиҳои миллӣ аз қабилӣ ланкабозӣ, лакпарбозӣ, ҳапакбозӣ, чиллакбозӣ, арғамчинбозӣ ва ғайраҳоро доир намуданд. Аз рафти баргузории бозиҳои миллӣ аён гардид, ки ҷавонон ба ин намуди бозиҳо таваҷҷӯҳи хоса дошта, мехоҳанд онро дар байни ҳамсабақон тарғибу ташфиқ намоянд. Чуноне, ки устодони ин боргоҳи илму маърифат иттилоъ доданд, ҷавонон тасмим доранд то ҷашни Наврӯз ҳамаи бозиҳоро доир намуда, бо ин васила дар пойдор нигоҳ доштани ҳама намуди бозиҳои миллӣ саҳми назаррас гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *