Рубрики
Last News

ЯК ПОРАИ ИН МУЛКИ АЗИЗ, КАМ НАМЕКУНЕМ

Вақте ба харитаи сиёсии Тоҷикистон нигоҳ мекунӣ, дар атрофи вилояти Суғд чашмонат ба номи яке аз минтақаҳои хуррамзамин – Ворух меафтад. Ворух яке аз деҳаҳои қадимаест, ки дар шаҳри Исфараи бостонӣ ҷойгир шуда табиати зебо ва мардуми меҳмоннавоз дорад. Вале, вақтҳои охир чуноне аз аз шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида шуда истодааст, чашми нохалафони “бесират” ба ин гӯшаи зебои Тоҷикистон афтодаву иддаои “соҳибӣ” доранд. Аммо ин иддаои онҳо хандаовару ҳайронкунанда аст, ки чӣ гуна ва бо кадом рӯ, ҷангалзодагон ба минтақаи биҳиштсо назар меафкананду бар асоси кадом далели норавшан Ворухро мулки хеш медонад. Ҳама сарчашмаҳои таърихӣ Ворухро аз азал сарзамини тоҷикнишин нишон медиҳанд. Ҳатто дар асарҳои бадеии устодон Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Пӯлод Толис ва дигарон номи Ворух чун сарзамини Тоҷикон оварда шудааст. Ин иддаои тарафи муқобил танҳо як берӯӣ ва шикастани намакдон ба ҳисоб меравад.

Мо, халқи Тоҷикистон ҳама чун занҷирҳои ба ҳам пайваст ҳастем. Сарзамини мо – ин хонаи мо аст. Ба гузаштаи дур назар андозем, манзурам солҳои 1920-1924 аст. Ҳамон вақт ҳам душманони халқи тоҷик – Тоҷикистонро чун давлат эътироф накарданд.Чун диданд, ки Тоҷикистон миллати соҳибтамаддун, таърихӣ ва куҳан аст, натавонистанд, ки монеаи давлати мустақил шудани мо шаванд. Он ҳама талошҳое, ки бузургони халқи тоҷик дар ҳамон давра карда буданд, имрӯз барои мо бояд дастурамал ва роҳнамо бошанд. Мо, чӣ рӯзҳое ки паси сар накардем. Ин ҳам чун шамолаки фасли дай мегузарад. Фақат, мо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонро мебояд, ки дар канори ҳам бошем, ба Ватан ва таърихи хеш арҷ гузорем ва бо иродаи мустаҳкам алайҳи “кӯчиён”, ки даъвои Ворухи мо мекунанд, садо баланд карда, зарраи хоки диёрамонро ҳифз созем.

Ман, ҳамчун ҷавони даврони Истиқлолият кулли мардуми шарифи Точикистонро ба муҳофизат ва устуворӣ алайҳи бадхоҳони ин диёр даъват мекунам. Устувории мо устувории давлат аст. Ҳазосолаҳо таърихи кӯҳан бо мост. Дуои ҳазорон модарони тоҷик бо мост. Китоби “Тоҷикон” ва Пешвои муаззами миллат бо мост. Ин иддаоҳо чун абре ҳастанд, ки барои чанд лаҳзае пеши офтобро мегиранд. Зимни рӯи авроқ овардани ин матлаб бадоҳатан шеъре эҷод гардида, ҳисси Ватандӯстии маро афзунтар намуд, ки пешниҳоди Шумо менамоям!. Итминонам комил аст, ки ҳама бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ, ҳамфикру ҳампешаи мо ҷавонон хоҳед шуд.

Як порчаи хоки Ватанро намедиҳем,

Ин Ворухи таърихкуҳанро намедиҳем.

Бегона гар талоши гирифтан зи мо кунад,

Сарҷамъ гашта, хори чаманро намедиҳем,

Ворух, мулки мост, бувад сарзамини мо.

Як гӯшаи биҳишмисол, нозанини мо,

Ҳарчанд кунанд “кӯчиҳо” даъвои “соҳибӣ”

Номаш навишта аз азал андар ҷабини мо.

Мо миллати мубориз, сар хам намекунем,

Ворухи хешро бадал ҳам намекунем,

“Ҷон дода, ҷон гирифта ба майдони корзор”

Як пораи ин мулки азиз, кам намекунем.

Гулзода ШЕРАЛИЕВА

хонандаи МТМУ №37

Аъзои ҷавони гурӯҳи тарғиботии

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *