Имрӯзҳо дар саросари шаҳру деҳоти Панҷакент деҳқонон ба кишту кор машғуланд. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ва фаъолони ҳизб дар саҳро , дар паҳлӯи онҳо қарор доранд.
Кооперативҳои тиҷоратии “ Хуросон. Ё” ва “Ёрӣ”, ки даҳҳо нафар кишоварзонро муттаҳид менамояд, дар мавзеи доманфарохи дашти Ёрӣ ҷойгиранд ва ҳоло аъзоёни онҳо ба шинонидани картошка, зироати лӯбиёгӣ, хуроки чорво, коркарду ғизодиҳии зироат машғул буда, ба ҳосили оянда замина мегузоранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ , узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо кормандони Кумиҷроия дар ҳайати гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамарӯза бо кору бори деҳқонон шинос шуда, онҳоро ба кишту кори босифат, истифодаи босамари ҳар порча замин даъват намуда, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин бора тафсир мекунанд, дар ҳалли мушкилоти пешомада мадад мерасонанд.
Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дорои заминҳои доманфарох аст ва он асосан ба тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад. Тавре деҳқонон мегӯянд, ҳарчанд таъминот бо оби полезӣ нисбати пешина беҳтар шудааст, самараи меҳнати онҳо, махсусан дар рӯёнидани ҳосили картошка чун зироати обталаб дар иқлими гарми дашти Ёрӣ ба он вобаста аст, ки пойгоҳҳои обкашӣ дар мавсими обёрӣ чи гуна ва муназзам кор мекунанд. Ин масъала низ зери назари гурӯҳи корӣқарор дорад.
Дар шароити душвори иқтисодии ҷаҳон, ки ба асари бемории сироятии коронавирус ба амал омадааст, зарбулмасали “Як рӯзи баҳор- пур кунад анбор” маънии амиқтар ва воқеӣ гирифтааст. Ин маъниро ҳизбиён ба деҳқонон дар сӯҳбату мулоқотҳо талқин менамоянд