Имсол аз анҷоми набардҳои шадиду хунин ва фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд, ҳафтоду хафт сол сипарӣ мешавад. Ва имрӯз сокинони Тоҷикистон мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи олам солгарди ин санаи таърихиро ботантана ҷашн мегиранд.
Иди Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, дар навбати худ, доир ба нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо мунтазам чораҷӯӣ менамояд.
Зеро пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, вазифаи инсонии мо ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Бо ибтикори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо ҳамкории СМ1 ва Радиои “Пайванд” бахшида ба Ғалабаи бузурги солҳои “1941-1945” санаи 9 май дар боғи фарҳангиву фароғатии “Камоли Хуҷандӣ” чорабинии идона баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии идона ба тамоми меҳмонону ҳозирини чорабинӣ ҷавонони ТҶҶ “Созандагони Ватан” гречка-паловро тақсим намуданд.Дар фарҷом чорабинии мазкур бо консерти идона хотима ёфт.