Рубрики
Uncategorized

ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ МАҲФИЛ – ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ” МУАЙЯН ГАРДИД

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом  дар толори ташкилоти ибтидоии “Маърифат” бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи мамлакат ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи миллат, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор гардид. Дар оғози баргузории чорабинии мазкур муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баромад намуда, ҳадафи баргузории маҳфил – озмуни мазкурро шарҳ дод ва доир ба нақши китоби мазкур дар шинохти асолати миллӣ ибрози афкор намуд. Ҳамзамон, зимни суханронии худ намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб иштирокдоронро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Дар маҳфил – озмуни мазкур 18 нафар хонандагони фаъоли мактабҳои шаҳру деҳот ширкат варзида, донишу ҷаҳонбинии худро вобаста ба китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров нишон доданд.
Дар натиҷа мақоми якум насиби хонандаи синфи 11-и МТМУ №32 Шарипова Суман, ҷойи дуюм насиби хонандаи синфи 11-и МТМУ№29 Раҳимова Заҳина ва ҷойи сеюм насиби хонандаи синфи 11-и Литсейи №1 Мамадҷонова Азиза гардиданд.
Дар ҷамъбасти маҳфил – озмун ҳамаи иштирокдорон бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом сарфароз гардонида шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *