Рубрики
Uncategorized

ҒОЛИБОН ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД

6- апрели соли ҷорӣ табқи барқияи №12-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар варзишгоҳи МТМУ №1 ба номи Насим Салимови ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи дӯстонаи варзишӣ оид ба баскетбол баргузор гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Дилшод Зокиров, директори МТМУ №1 – Орзугул Шарифова, мудири шуъбаи занону ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб – Хусрав Ашӯрзода ва мураббиёни муассисаҳо иштирок доштанд.

Орзугул Шарифова – директори МТМУ №1 суханро ифтитоҳ намуда, доир ба мусобиқаи маълумот дод.

Дилшод Зокиров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба рушди варзиш дар ҷумҳурӣ, ки боиси баланд бардоштани парчами азизи мо дар тамоми гӯшаву канори олам гардидааст суханронӣ намуд.

Сипас варзиши дӯстона миёни духтарон шуруъ шуда, дар он тамоми қувваҳо саъю талоши худро баҳри пирӯзӣ дареғ надоштанд ва дар охир пирӯзӣ насиби варзишгарони МТМУ №1 гардид. Онҳо ин пирӯзиро хуш истиқбол намуда, фахр аз он доранд, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ зиндагӣ ва дар чунин мусобиқаҳои дӯстона фаъолона иштирок мекунанд.

Дар охир, ба дастаҳои ғолиби мусобиқа туҳфаҳои хотирмон дода шуда, дастаи МТМУ №1 бо Дипломи дараҷаи 1, дастаи МТМУ №16 бо Дипломи дараҷаи 2 ва дигар дастаҳо бо Ифтихорнома сарфароз гардида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *