Рубрики
Асосӣ

ҚАДРДОНӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ

Дар доираи нақша- чорабиниҳои Албом-Эстафета таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолон ва собиқадорони ҳизбро ба роҳ монд.

         Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода зимни  қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолон ва собиқадорони ҳизб иброз дошт, ки таърихи начандон дури кишвар собитгари он аст, ки  дар саргаҳи саодати миллат ва зиндагии шоистаи мардум номи як шахсияти мондагор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки дар такя ба нерӯи бузургу хиради волои халқ тавонистанд миллатро сарҷамъ намуда, ҳамаҷониба қирши меҳнаткашро дастгирӣ  менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *