Рубрики
Last News

ҚАДРИ МОДАР ГАР БИДОНӢ СОҲИБИ ДАВЛАТ ШАВӢ

“Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ба сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд”.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бахшида ба Рӯзи модарон масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ва аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия якчанд собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, атрофи фаъолияти назарраси модарони тавонманд, ки дар баробари бори гарони зиндагӣ дар рушди соҳаҳои дахлдор нақши муассир гузоштанд, ёдовар шуданд.

Гуфта шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки “Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан- модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст ” Аз ин лиҳоз қадр намудани хизматҳои шоёни модарон қарзи фарзандӣ ва вазифаи ҷавонмардии мо мебошад.

Сипас, табрикоти раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияро бахшида ба ин санаи фархунда расонида, барояшон тансиҳативу рӯзгори босаодатро орзу намуданд. Модарон изҳори миннатдории худро ба Сарвари кишвар расониданд, ки дар меҳан фазои сулҳу суботро танинандоз намуда, ба модарон ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар ҷараёни суҳбат собиқ муовини раиси ноҳия Муҳиддинова Бибисаид маҳсули дастранҷи худро манзури кормандони КИН намуда, даъват ба амал оварданд, ки ҷавондухтарон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намоянд, зеро бо ин васила метавон дар рушди зиндагии шоиста саҳми назаррас гузошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *