Рубрики
Last News

ҲАМКОРИИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БО ВАО ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Таҷлили Рӯзи матбуот, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 арзи вуҷуд намуд, нишонаи арҷгузорӣ ба меҳнату заҳмати аҳли қалам аст. Рӯзи матбуот ба чопи нахустин рузномаи тоҷикии “Бухорои шариф”, ки 11-марти соли 1912 интишор ёфтааст, алоқамандии зич дорад.

Ба ифтихори 109 – солагии таъсисёбии Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори хурди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омммаи вилоят мулоқоти озоду самимии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир гардид. Мавсуф зимни суханронӣ қайд намуд, ки воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд. Чун Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маросими 100-солагии матбуоти тоҷик қайд карданд, ки матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан, дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Дар идомаи сухани хеш Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз таърихи пайдоиши матбуот, дирӯз, имрӯз ва фардои он ёдовар шуд.

Рӯзноманигор Абдулмаҷиди Бобоҷониён оид ба таърихи матбуот ва имрӯзи матбуот сухан карда, аз дастгириҳои ҳамешагии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ ҷиҳати пешрафти матбуот ёдовар шуд.

Директори генералии ШТР “Диёр” Фирӯза Мирҷумаева оид ба фаъолияти гуруҳи ташаббускорони бонувони журналист “Садоқат” маълумот дода, пешниҳод кард, ки дар оянда низ лоиҳаи “Садоқат” аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дастгирӣ карда шавад.

Дар фарҷом Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон барои фаъолияти самарабахш рӯзноманигоронро бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда, онҳоро бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *