Рубрики
Last News

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

Баҳри тараққиёт ва инкишофи минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ҳамкорӣ намудан пешбинӣ гардидааст. Аз ин ҷост, ки дар Конфронси 40-уми кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Деваштич» №24 Исмоилиён Комрон Исмоилзода бо даъвати раёсати кории конфронс ширкат варзида, суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ Комрон Исмоилзода аз натиҷаҳои самарабахши ҳамкории чандинсолаи ташкилотҳои ҳизбӣ ибрози назар карда, қайд намуд, ки асоси робитаи судманди мазкурро тарғибу ташвиқ ва татбиқи сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил дода, манфиатҳои халқу давлат аз ҳама боло гузошта мешаванд.

Тӯли солҳои охир қадршиносии собиқадорону аъзои фаъоли Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз ҷониби масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич роҳандозӣ гардида, якҷоя баргузор намудани иқдому чорабиниҳои гуногун вусъати тоза касб намудааст. Дар ин радиф, барои насли наврасу ҷавон аз фаъолияти назарраси фарзандони диёр мисолҳо оварда, доимо таъкид карда мешавад, ки насли ояндасози миллат масъулияти бузургро барои пос доштани хизматҳои кабирон бар зимма доранд ва бояд идомадиҳандаи фарзонаи кору пайкори неки аҷдодону бузургони хеш бошанд.

Аз ҳамкории пайвастаи ташкилотҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Деваштич котиби Кумитаи Марказӣ, котиби аввали Кумитаи ҳизби коммунистии вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоева низ қаноатмандию сипосгузорӣ иброз намуда, дар охирсухан ба номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Деваштич» №24 Комрон Исмоилзода муваффақияту комёбиҳо таманно намуд ва ҷонибдории ҳизбиёни Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштичро нисбати номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *