Рубрики
Асосӣ

Ҳамоиши тантанавии аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шаҳристон

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 17 ноябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар даромадгоҳи толори Қасри фарҳанг намоиши китобӣ, дастовардҳои ҷавонон, варзишгарон ва ташаббусу ихтирооти ҳунармандони ҷавон ва маьсули дасти онҳо давоми 30 соли Истиқлол, аз қабили дӯзандагӣ , пазандагии таомҳо ва шириниҳои миллӣ, савғотиҳои гуногун барои сайёҳону меҳмонон, кандакориву бофтани бӯрёву сабат, оҳангарӣ , кулолгарӣ , дастоварду ихтироотӣ техникони наврас ба намоиш гузошта шуд.

Дар ҳамоиш Раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусенович, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо, наврасону ҷавонон аз ҷумла: ғолибони озмунҳои фаннӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, ноҳиявӣ, варзишгарони ҷавон, кормандони касбу кори гуногун, ҷавонони хизмати ҳарбиро сарбаландона адонамуда ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд.

Ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо баргузории ҳамоиш ва таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусенович, Раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода дар ҳамоиш баромад намуда, оид ба дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ намуда, ҳозиринро бо баргузории ҳамоиш ва таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Саидова Сабина оид ба ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Муҳиддинов Боймурод, ки хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адо намудааст, оид ба хизмат ба Ватан, ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Холмирзоев Давлат оид ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ баромад намуданд.

Ба ҷавононе, ки нав ба сафи аъзогии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон аъзо шудаанд, билети ҳизби супорида шуда, маросими ваъдаи тантанавии ҷавонон, доир гардид..

Ба 10 нафар ҷавононе, ки нав ба сафи ҳизб дохил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Муроҷиатномаи аъзоёни ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” аз тарафи муовини роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шаҳристон Каримова Фарангис қироат карда шуда, мақбул дониста шуд.

Сипас, аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳия, ҷавонони ҳунарманд барномаи фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *